LIVE

Баротов Илҳомҷон - беҳтарин ҳамлагари Лигаи олӣ

Сар аз соли 2010, яъне дар давоми 10 соли охир беҳтарин нишонзани ҳар мавсим намояндагони танҳо як даста “Истиқлол” мегардиданд. Дар ин мавсим бошад, яккатозии онҳо хотима ёфт, чун ҳамлавари “Истаравшан” Илҳом Баротов 18 гол ба самар расонид, ки ин натиҷаи беҳтарини мавсим аст. Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол қаблан буд як намояндаи дигари “Истаравшан”, ки беҳтарин нишонзани мавсим гардида буд. Зокир Бердиқулов дар мавсими 1995 42 гол зада буд, ки то ҳол касе ин натиҷаро ҳатто такрор карда наметавонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив