LIVE

"Ливерпул" Салоҳро намефурӯшад

    Бошгоҳи “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳро намефурӯшад. Даста ҳамаи овозаҳоро дар мавриди  рафтани Салоҳ рад кард. Менависад Goal.com. Тибқи иттилои ин сомона  роҳбарияти “Ливерпул” мехоҳад  ин футболбози 28 солаи  мисриро дар ҳайат нигоҳ дорад ва ба ӯ  шартномаи нав бо   шароитҳои беҳтар  пешниҳод   мекунад.   Аз рӯйи шартномаи  ҳозирамалкунанда, ки то тобистони 2023 эътибор дорад,  Салоҳ дар як ҳафта   220 ҳазор евро музд мегирад.  

     Қаблан  Муҳаммад Салоҳ   аз қарори Юрген Клопп дар мавриди интихоби Трент  Александер-Арнолд  ба ҳайси  сарвони даста    дар бозии даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо бо тими «Мидтюлланн» (1:1) изҳори норозигӣ баён намуд. Баъди ин ҳодиса   Муҳаммад иброз намуд, ки  дар “Ливерпул”  хушбахт нест.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив