LIVE

"ФУТБОЛРО ФИРЕБ ДОДАН МУМКИН НЕСТ!"

Сёмин ба берун шудани «Локомотив» аз Лигаи чемпионҳои Аврупо вокуниш нишон дод. Сармураббии собиқи "Локомотив" Юрий Сёмин дар саҳифаи Инстаграми худ, пас аз он ки сурх-сабзҳо дар даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо дар майдони худ аз “Залтсбург” бо ҳисоби 1: 3 мағлуб шуданд, ин матлабро интишор намуд. “Локомотив” акнун имконияти баромадан аз гурӯҳро аз даст дод.
«Футболро фиреб додан мумкин нест! Футболро бояд шахсоне идора кунанд, ки онро дӯст медоранд ва ҳам метавонанд ба он манфиат биоранд! Ман дар бораи қобилияти футболбозон ва мураббиён чизе намегӯям! ” - навиштааст Сёмин дар Instagram.
Таҳияи Нуралӣ Хоркашев

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив