LIVE

Нокомии навбатии "Реал" дар майдони худ

Дар бозии даври 11-уми чемпионати Испания, "Реал" дар майдонаш бо ҳисоби 1:2 аз тими "Алавес" мағлуб шуд. Зениддин Зидан сармураббии дастаи "шоҳона" бинобар сабаби набудани футболбозони асосӣ чанд тағйирот дар ҳайат анҷом дод, аммо ин ба нафъи даста набуд. Дар ин рақобат Карим Бензема, Серхио Рамос, Федерико Валверде, Даниэл Карвахал ҳузур надоштанд. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 5-уми бозӣ аз сӯйи Лукас Перес аз ҷаримаи 11-метра боз шуд. Ин 5-уми пеналтие буд, ки дар моҳи ноябр ба дарвозаи "Реал" таъин карда шуд. Баъдан дар оғози нимаи дуюм Хоселу голи дуюми мемҳононро ба ҳадаф расонид. Як голи мизбонон дар анҷоми вақти асосӣ аз ҷониби Каземиро ба ҳадаф расонида шуд. Бо ҳамин шогирдони Зениддин Зидан бори сеюм дар мавсими ҷории Ла Лига дучори бохт шуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив