LIVE

Жота мавқеи Салоҳро дар “Ливерпул” танг мекунад

“Ливерпул” дар бозии даври 9-уми чемпионати Англия “Лестер”-ро шикаст дод. Соҳибони майдон бозиро 3:0 ба суди хеш ҷамъбаст намуданд. Диого Жота яке аз голҳоро дар байни ғолибон ба самар расонд. Футболбози португалӣ аввалин футболбоз дар таърихи клуб гардид, ки дар 4 бозии аввалаш дар варзишгоҳи “Энфилд” дар Премйер Лига гол задааст. “Ливерпул” ин футболбозро тобистони имсол аз тими “Вулверҳэмптон” ба маблағи 40 миллион евро харидорӣ кард. Жота дар 12 бозӣ 8 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив