LIVE

"Равшан" қаҳрамони Тоҷикистон

Дастаи то 15 солаи “Равшан”-и Кӯлоб бо дарёфти 43 имтиёз барандаи медалҳои тилло гардид. Маросими ҷамъбастии Чемпионати Тоҷикистон миёни футболбозони навраси то 15 сола дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар маросими ҷоизасупорӣ ноиби Президенти ФФТ – Дилшод Ҷуразода, дабири кулли ФФТ Давлатманд Исломов, директори Лигаи кӯдакону наврасони ФФТ Увайдо Давлатбеков, собиқадорони футболи тоҷик  иштирок намуданд. 
Мақоми сеюми ифтихориро дастаи “Суғд”-и вилояти Суғд ба даст овард. Наврасони тими Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футболи шаҳри Душанбе медалҳои нуқраро соҳиб шуданд. 
Дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб, ки таҳти роҳбарии мураббӣ Фаридун Рустамов дар 17 даври сипасиришудаи мусобиқа 43 имтиёз ба даст овард, барандаи медалҳои тилло шуд. Зиёвуддин Каримов аз дастаи МҶМОВ беҳтарин бозингари даста дониста шуд. Бозингари беҳтарини мусобиқаро Ҳайдаршо Худойдодов аз дастаи Суғд ба даст овард. Бо задани 21 гол беҳтарин нишонзани мусобиқа Диловар Азизов аз дастаи “Равшан” гардид.  Сармураббии дастаи наврасони “Равшан” Фаридун Рустамов  унвони беҳтарин мураббиро аз худ кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив