LIVE

Магат: Саҳми Гвардиола дар ғалабаҳои “Барса” аз Месси дида камтар буд

Мураббии маъруфи олмонӣ Феликс Магат, ки дар фаъолияти хеш  дастаҳои футболи “Бавария”, “Волфсбург”, “Фулхэм”-ро роҳбарӣ кардааст зимни як мусоҳиба фикру назари худро атрофи сармураббии собиқи дастаи “Барселона” Хосеп Гвардиола баён кард. Ӯ иқрор шудааст, ки “Ҷоизаҳоро ба “Барселона” Месси овардааст, на Гвардиола. Бидуни Месси низоми бозии пешниҳодмекардаи Гвардиола натиҷа намедод, зеро он бо бомуваффақият кор намекард. Агар ба Гвардиола ин тактика кор медод, пас кайҳо бо “Бавария” ё “Манчестер Сити” низ  ғолиби Лигаи чемпионҳо мешуд”, иқрор шудаас Феликс Магат.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив