LIVE

“Реал” аз баҳри анъанаи 40 солааш гузашт

Бино ба иттилои сомонаи AS, бори аввал дар тӯли 40 сол “Реал Мадрид” ягон бозингарро дар равзанаи трансферии тобистона ба ҳайати хеш ҷалб насохт. Баъди анҷоми муҳлати иҷора бозигарони ин тими футбол, аз ҷумла дарвозабон Андрей Лунин, ҳимоятгар Алваро Одриосола ва нимҳимоятгар Мартин Эдегор ба ҳайати тими мадридӣ баргаштанд. Клуб ягон футболбози нав дар замони фаъолбудани равзанаи гузаришҳо амалӣ накард. "Реал" пас аз натиҷагирии чаҳор даври чемпионати Испания бо 10 имтиёз садрнишини ҷадвал ба ҳисоб меравад. Дастпарварони Зинедин Зидан як бозии баргузорнашуда  доранд, зеро дастаи ӯ бо сабаби ширкат дар мусобиқаҳои Аврупо мавсимро нисбат ба дигарон дертар оғоз кард. Дар мавсими гузаштаи Ла Лигаи Испания “Реал Мадрид” қаҳрамон шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив