LIVE

“Реал” бояд фаршеро, ки Бейл дар он қадам мезанад, бибӯсад

Ҷонатан Барнетт, агенти ҳамлагари "Тоттенхэм" - Гарет Бэйл сиёсати “Реал Мадрид”-ро мавриди интиқоди шадид қарор дод. 
«Мо клубҳои дигаре доштем, ки аз “Тоттенхэм” дида, сатҳу сифати баландтар доштанд.  Онҳо ба бозигари мо таваҷҷуҳ доштанд, аммо Бейл хост тамоми қудрату тавоноии хешро  дар Мадрид сарф созад.  Ҳама розӣ буданд, ки корномаи ӯ дар Мадрид ба охир расид, аз ин рӯ рафтан аз ин даста хеле осон буд. Ин бархӯрди шахсиятҳо ва набудани дастгирӣ буд. Бисёр чизҳое рух доданд, ки он ба фаъолияти Бейл таъсир гузоштанд. Барои марде, ки дар “Реал” низ заҳмати зиёд кашид, аммо сазовори эҳтиром нагашт. Ин як мушкилии калон буд. "Реал" бояд фаршеро бӯса кунад, ки Бейл дар он қадам мезанад ", - иқрор шудааст агенти футболбоз Барнетт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив