LIVE

Ҷоми раиси ноҳия оид ба футболи хурд

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, санаи 20 июн, мусобиқаи Ҷоми раиси ноҳия оид ба футболи хурд байни дастаҳои ташкилоту муассисаҳо ва идораю корхонаҳо оғоз гардид. Ин бозиҳо дар майдончаҳои варзишии ҳудуди ноҳия бо иштироки 8 даста гузаронида шуда, он то 30 июн идома меёбад. Гуфта мешавад, мусобиқа бо мақсади таҳкими тарзи хаёти солим, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ, оммавигардонии варзиш, дарёфт намудани чеҳраҳои нави варзишӣ ва бо ин васила дуруст истифода намудани иншоотҳои варзишӣ доир шуда, ғолибон бо Ҷоми раиси ноҳия, диплом ва медал сарфароз гардонида мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив