LIVE

"Душанбе" ғолиби мусобиқаи “Grassroots Tajikistan- 2019”

Имрӯз, 14-уми июн дар шаҳри Гулистон мусобиқаи байналхалқии “Grassroots Tajikistan- 2019” оид ба футбол байни наврасон ба охир расид. Дар чорабинии мазкур 8 даста иштирок намуданд. Тими "Душанбе" пас аз ғалаба бар дастаи "Ҷейран"-и Қазоқистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб дониста шуд. Дастаи "НТМ" дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи "Насаф" аз ҷумҳурии Ӯзбекистонро 1:0 шикаст доданд. Дар охир ба ғолибон ҷом, медал, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ Муовини аввали Раиси ФФС Хуршед Акдодов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Саидахон Аҳмадзода ва намояндагони Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон иштирок намуданд.
1. Душанбе
2. Ҷейран (Қазоқистон)
3. НТМ
4. Насаф (Ӯзбекистон)
5. Суғд
6. Душанбе 2
7. Хатлон
8. ДЮСШ ОШ (Қиргизистон)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив