LIVE

Бозигарони нави “Барселона” ба тамрин шуруъ карданд

Ҳимоятгар Жан-Клир Тодибо ва нимҳимоятгар Миралем Пянич аз бемории COVID-19 пурра шифо ёфтанд ва тамринро оғоз карданд. Дар ин бора дафтари  матбуотим “Барселона” хабар медиҳад. Бозингарон дар қароргоҳи бошгоҳи катлонӣ мустақар шуда, ба тамрини инфиродӣ оғоз карданд. Тодибо соли 2019 аз Тулуза ба маблағи 1 миллион евро ба сафи “Барселона” пайваст. Ин футболбоз охири мавсими 2019/2020 ба "Шалке" иҷора дода шуд. Миралем Пянич бошад, охири мавсими гузашта, аз “Ювентус” ба “Барселона” кӯч баст. Маблағи трансферии ниммуҳофизатгари 30-сола 60 миллион евроро ташкил дод. Дар мавсими солҳои 2019/2020 футболбоз дар ҳайати туринҳо 43 бозӣ гузаронида, се гол задааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив