LIVE

Месси барои кори писараш ба Барселона омад

Чуноне чанд рӯз ва ҳафтаи охир аз расонаҳо ва ҳангомасозии онҳо оиди аз «Барселона» рафтани Месси хабарҳои гуногун нашр мешавад, торафт ин масъала мураккабтар шуда истодааст. Ҳамлавари аргентинӣ тибқи хабарҳои расида, мехоҳад фаъолияти худро дар Англия идома диҳад, аммо роҳбарияти бошгоҳи каталонӣ ба ин кор мухолифат нишон медиҳанд. Дар навбати худ, барои вохӯрӣ бо ин футболбоз, ки Месси хостори он аст, вокунишҳо нишон дода, дар сӯҳбатҳои рӯбарӯ ҳозир намешаванд. 

Аз ин хотир, дирӯз – 1 сентябр, Мессии калонӣ – Хорхе Месси, падари Лионел ба Барселона сафар намуд. Пойгоҳи хабарии Ole хабар медиҳад, ки Хорхе Месси бо тайёраи хусусӣ аз Росариои Аргентина ба қасди Испания сафар намуд. Дар назар аст, ки ӯ бо президенти бошгоҳи “Барселона” Жозеп Бартомеу вохӯрӣ анҷом дода, оиди тақдири минбаъдаи фарзандаш сӯҳбат намояд. Ҳамлавари 33-солаи аргентинӣ мехоҳад “Барселона”-ро тарк кунад. Дар расонаҳо оиди пайвастани ӯ ба “Манчестер Сити” хабарҳои зиёд нашр шуда истодааст. 

#Messi #Barselona #Месси

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив