LIVE

«Реал» 10 бозигарашро ба фурӯш гузоштааст

«Реал» аз шаҳри Мадрид дар трансфери зимистона нақша дорад, ки аз ҳисоби фурӯши бозигарони худ накамтар аз 180 млн € маблағ ба даст биорад. Аммо аз сабаби хуруҷи каронавирус даста зазари калони иқтисодӣ дид. Бошгоҳи шоҳона мақсади хариди бозигар бо маблағи миёншиканро надорад. Дар ин бора Marca хабар медиҳад. 
«Реал»-ро аллакай Ашраф Ҳакимӣ «Интер» ва Хави Санчес «Валядолид» тарк намуд.  Ин ду гузариш ба буҷаи клуби мадридӣ 43,5 млн € маблағ ворид кард. 
Қаҳрамони феълии Испания ҳамчунин Хамес Родригес ва Гарет Бэйлро низ дар фурӯш гузоштааст. Ҳамчунин бошгоҳи шоҳонаро  Оскар Родригес, Даниел Себалос, Хесус Валехо, Мариано Диас, Браим Диас, Андрей Лунин, Серхио Регилон, Мартин Эдегор, Лукас Васкес, Начо Фернандес, Даниэл Гомес ва Хорхе де Фрутос низ тарк карданианд. 
«Реал» ба хулосаи омад, ки  Луку Йовичро, ки соли 2019 аз «Франкфурт» бо маблағи   60 млн € харидорӣ карда буд, як имконияти дигар диҳад. Ҳамлагари 22 солаи сербиягӣ имкон дорад, ки мавсими ҷадидро дар иҷора гузаронад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив