LIVE

Ғалабаи "Зарафшон" ва мусовии "Шаҳристон"

Дар доираи бозиҳои даври дуюми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи дуюм се бозӣ доир гашт.
Дар шаҳри Конибодом дастаҳои ММФ ва "Зарафшон" бо ҳам вохӯрданд ва бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба нафъи меҳмонон ба охир расид.  Дастаи "Зарафшон" бо 6 имтиёз дар зинаи аввал қарор дорад.
Дар бозии дигари ин давр "Шаҳристон" дар майдони худ дастаи "ММФ-ПАРВОЗ”-ро қабул намуд ва бозӣ мусовӣ 3:3 ба охир расид. Дастаи ноҳияи Шаҳристон аввалин имтиёзи худро ба даст овард.
"ММФ"-"ЗАРАФШОН" 1:2
Голҳо: Шарифзода Нурулло, 6 (0:1), Ҷурабоев Камолиддин 69, (0:2), Алимов Бахтовар, 90+3, (зарбаи 11-метра:, (1:2)
"ШАҲРИСТОН"-"ММФ-ПАРВОЗ" 3:3
Голҳо: Улмасов Ҳамза, 20 (1:0 ), Полвонов Алишер 45, зарбаи 11-метра,(1:1),Исмоилов Ойбек, 59 (1:2), Баротов Шуҳрат,74 (2:2),Улмасов Ҳамза,76  (3:2), Полвонов Алишер, 79 (3:3).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив