LIVE

Рекорди навбатии «Ливерпул»

Дастаи «Ливерпул» дар мавсими солҳои 2019/20 низ аз 100 гол бештар зад. Шумораи голҳои шогирдони Юрген Клопп замоне сарҳади 100-ро убур кард, ки ба дарвозаи тими «Кристал Пэлас» 4 голи беҷавоб зада шуд. Голи дуюми сурхпӯшон ба дарвозаи «Кристал Пэлас» садумин дар мавсим гардид. Барои задани 102 гол «Ливерпул»-ро 50 бозӣ лозим шуд. 
Дастпарварони Юрген Клопп давоми 3 мавсими охир аст, ки аз 100 гол кам ба самар намерасонанд. Дар мавсими ҷорӣ аз «Ливерпул» дида, танҳо як клуби англисӣ "Ман Сити" (47 бозӣ 118) голи бештар задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив