LIVE

«Ливерпул» ба «Кристал Пэлас» раҳм накард

Дар даври 31-уми Чемпионати Англия «Ливерпул» дарвозаи «Кристал Пэлас»-ро голборон сохт. Бозӣ дар варзишгоҳи «Энфилд» баргузор гардид. 
Ҳисоб дар миёнаи қисми аввали дидор аз ҷониби Трент Александер-Арнолд кушода шуд. Дар охири қисми аввали бозӣ Муҳаммад Салоҳ голи дуюми соҳибони майдонро ба самар расонид. Дар дақиқаи 55-уми дидор Фабинйо бори сеюм хати дарвозаи тими лондониро рахна кард. То анҷоми дидор Садио Мане низ исми худро дар феҳристи голзанҳо ҷой дод. «Ливерпул» соҳиби 86 имтиёз гардида, дар зинаи аввали ҷадвали умумии ПЛА қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив