LIVE

Месси иқрор шуд, ки соли 2016 аз «Барса» рафтан мехост

Форварди «Барселона» - Лионел Месси гуфтааст, ки тобистони соли 2016 имкон дошт, ки бошгоҳи каталониро тарк кунад. Он замон гирди номи футболбоз ва падари ӯ ҷанҷолҳои зиёд бархоста буд ва ҳарду бо ҷурми пинҳон кардани маблағҳои андозӣ дар солҳои  2007 - 2009 дар ҳаҷми 4,1 млн € ба додгоҳ кашида шуданд.  
«Он замон ман мехостам равам. На ба он хотире ки „Барса“-ро тарк кунам, балки мехостам аз Испания баромада равам. Эҳсос кардам, ки нисбати ман бадрафторӣ карданд ва хоҳиши истодан дар ин кишварро надоштам. Аммо он замон ман пешниҳоди расмӣ аз ҷониби клубҳои дигарро қабул накардам, зеро ҳамагон бовар надоштанд, ки мехоҳам тарки „Барселона“ намоям. 
Ман бо аҳли оилаам ба мушкилии ҷиддӣ гирифтор шудем, хубии кор дар он буд, ки кӯдаконамон хурд буданд ва ин ҳамаро намефаҳмиданд. Ҳоло ман мехоҳам дар ин ҷо бошам ва корномаи варзишии худро бо „Барселона“ ҷамъбаст намоям», гуфтааст Месси ба сомонаҳои Mirror ва RAC1.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив