LIVE

"ПСЖ-ро тобистон кӣ тарк мекунад?

Шайхони арабӣ ҳама вақт қодиранд, ки вазъи мусоидро дар Париж нигоҳ бидоранд.  Илова бар ин шумораи зиёди футболбозони гаронмузде дар ин тиманд, ки тобистон метавонанд дастаро тарк намоянд. Эдинсон Кавани чун дуюмин футболбоз аз рӯи ҳаҷми маош дар Лигаи якум 18 миллион евро солона мегирад.  Ӯ дастаро чун футболбози озод тарк мекунад. Тяго Силваи 35 сола бо маоши солонаи 15 миллион евро дар  як сол ҳамчунин тамдиди шартнома накардааст ва тобистон бидуни бошгоҳ хоҳад монд, агар қарордоди кориро дароз накунад.  Ӯ ё  ки ба Бразилия меравад  ё  ба “Милан” мекучад.  Ғайр аз ин Дракслер ва Паредес ҳастанд,ки ҳардуяшон дар маҷмуъ қариб 15 миллон евро ба даст меоранд,аммо бо вуҷуди синну солаш аз трансфери онҳо метавон маблағҳо вориди хазина намуд. Магар, киПСЖ ба ин кор розӣ мешавад, инро роҳбарият ҳал хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив