LIVE

"Астон Вилла" худро аз муфлисшавӣ раҳо мекунад

Бошгоҳи “Астон Вилла”, ки дар мусобиқоти Премйер Лигаи Англия ҳунарнамоӣ мекунад, бо буҳрони иқтисодӣ ва бо роҳи кам намудани музди маоши коргарон мубориза мебарад. Роҳбарият, ситоди мураббиён ва бозигарон ба ин иқдом худ розигӣ доданд. 
Ҳамакнун музди муқарраргардидаи онҳо дар ҳаҷми 25 дарсад ба муҳлати чор моҳ коҳиш дода шуд. Ин амал барои он ба роҳ монда шуд, ки то дигар узви кормандон бе ҷои кор намонанд. Чаро ки айни замон даста бе даромад мондааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив