LIVE

"ПСЖ" маоши Неймар ва Мбапперо қайчӣ мекунад

Аз сабаби пандемияи коронавирус ва таваққуф дар мусобиқаҳои футбол, дастаҳо манбаҳои даромад, аз ҷумла фоида аз фурӯши  пахши телевизионро аз даст доданд. Бисёри дастаҳо тасмим гирифтанд, ки музди футболбозонро коҳиш диҳанд, то бӯҳрони молиявиро паси сар кунанд. Дар ин миён қаҳрамони феълии Фаронса бошгоҳи “Пари Сен-Жермен” низ истисно нест. Тибқи иттилои L’Equipe, роҳбарият ва бозигарон аз 20 то 30% коҳиш додани музди футболбозонро муҳокима мекунанд, аммо тарафҳо ҳанӯз ба мувофиқа нарасидаанд. Аз ҷониби роҳбарият директори варзиш - Леонардо ва аз миёни бозигарон - Тиаго Силва ва Маркинос талош доранд то ҷонибҳо ба мувофиқа расанд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Ассотсиатсияи касбии футболи Фаронса бо Вазорати иқтисод ва молияи кишвар дар бораи кам кардани муваққатии музди бозингарон музокирот анҷом медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив