LIVE

Талоши дастаҳои кӯдаконаи вилояти Суғд барои дарёфти роҳхат

Имрӯз  дар "Қасри Варзиш"-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи корӣ бо намояндагон ва масъулони дастаҳои футболи кӯдакону наврасони вилоят доир гардид.
Дар ин чорабинӣ оиди баргузории чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни кӯдакону наврасони  (U-13, U-14, U-15 U-17, U-18) дар соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Марҳилаи вилоятии мусобиқаи мазкур аз нимаи дуюми моҳи апрел оғоз мегардад. Ду дастаи ғолиб дар ҳар гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегирад ва дар лигаи пешсаф баромад менамоянд. Дастаҳои боқимонда бозиҳоро байни худ дар лигаи умед идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки тамоми хароҷотҳо оиди гузаронидани ин бозиҳо аз ҳисоби Лигаи футболи кӯдакону наврасони ФФТ пардохт карда мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив