LIVE

Нурӣ ба ҳуш омад

Собиқ нимҳимоятгари бошгоҳи “Аякс” - и Нидерландия - Абдулҳақ Нурӣ аз ҳолати кома баромад. Ҳамакнун ин футболбози 22 солаи ҳолландӣ аз хоби тӯлонӣ бедор шуду дар аробачаи маъюбӣ нишаста метавонад.  

 “Ӯ дер боз дар хона набуд. Имрӯз бошад, баргашта худро хуб эҳсос мекунад. Дарк менамояд, ки дар хонааш назди оилааш аст. Хоб меравад, атса мезанад, табассум мекунад, футбол тамошо менамояд, вале аз ҷояш хеста наметавонад”, мегӯяд бародари футболбоз  Абдураҳим.

Ёдовар мешавем, ки тобистони соли 2017 ҳангоми бозии дӯстона бо тими “Вердер” Нурӣ ногаҳон дар майдон беҳуш шуд ва ӯро бо чархбол ба бемористон бурданд. Баъдан маълум гардид, ки футболбози ҷавон дучори сактаи мағзи сар шудааст. Ташхисҳо нишон дод, ки мағзи сари футболбоз ҷароҳати вазбин бардоштааст. Ҳамин тавр ӯ ба ҳолати кома гирифтор шуд ва бошгоҳи “Аякс” ҷавобгариро дар ин ҳодиса ба ӯҳда гирифт. Абдулҳақ Нурӣ яке аз беҳтарин футболбозони ҷавони даста маҳсуб мешуд ва бисёре аз клубҳои маъруф ба ӯ таваҷҷӯҳ доштанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив