LIVE

Зарбаи пеналти бар ивази ҷони дарвозабон

Дарвозабони 17-сола тӯбро бо синааш баргардонду дар майдон ба ҳалокат расид. Дарвозабони ҷавон тӯби рақибонро баргардонду, ногаҳон беҳуш шуда аз пой афтод. Бино ба иттилои нашриёти The Sun, фоҷиа рӯзи сешанбе, 9 июл дар яке аз деҳаҳои Аргентина Санта-Фе, ҳангоми бозии футбол ба вуқӯъ пайваст. Ҳангоми задани зарбаи 11-метрӣ тӯби рақиб ба синаи дарбозабон зад. Дарвозабон тӯбро бо синааш баргардонид. Дарвозабон аз шодӣ ба сӯи дӯстонаш давида, пирӯзиро шодбош мегуфт. Вале ногаҳон беҳуш шуду дар роҳ аз пой афтод. Замони афтодани дарвозабон ба навор афтод. Бино ба маълуоти пешакӣ дарвозабони ҷавон аз сактаи дил ба ҳалокат расид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив