LIVE

«Реал» трансфери бузургро анҷом медиҳад

Дар мавсими трансферии тобистона «Реал» мақсад дорад бо ҳамлагари 31 солаи аргентинии «Манчестер Сити» - Серхио Агуэро шартнома бандад. Ҳарчанд Агуэро намехоҳад ҳайати шаҳриҳоро тарк намояд, аммо ду соли маҳрумият аз мусобиқоти аврупоӣ боис ба ивази даста гашта метавонад. Зеро худи нишонзан мехоҳад корномаашро дар Лигаи Чемпионҳо идома бидиҳад. 
Дар мавсими ҷорӣ Серхио дар ПЛА 19 бозӣ гузаронида, ба задани  16 гол ва 3 партофти самаровар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив