LIVE

Дюгарри: «Барселона» ин клуби масхарабозон аст

Собиқ футболбози «Барселона» - Кристофф Дюгарри аз фаъолияти роҳбарияти кунунии дастаи катлонӣ интиқод кард.

«Ин клуби масхарабозон аст. Дар онҳо ҳама чиз бар акс рух медиҳад. Барои мисол Коутиню ва Дембелеро хариданд, акнун мехоҳанд, ки онҳоро фурӯшанд. Ман чунин андеша дорам, ки даста лоиҳаи тулонии рушд надорад.   Ягона роҳи ҳали мушкилот ин интихоби президенти нав мебошад. Дар даста ҳамдигарнофаҳмиҳо зиёданд.
«Барселона» мушкилиҳои зиёд дорад. Клубро одамоне роҳбарӣ мекунанд, ки сатҳи касбиат надоранду кори худро намедонанд », — иқрор шудааст Дюгарри.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив