LIVE

Сабабҳои нарафтани Жиру ба «Интер» маълум шуд

Ҳамлавари «Челси» Оливйе Жиру аз амалҳои анҷомдодаи «Интер» изҳори норозигӣ намуд-дастаи итолиявие,ки мехост ин фаронсавиро дар равзанаи зимистонаи трансферӣ ба даст  оварад.
Чӣ тавре Football Italia аз рӯи маълумотҳои RMC Sport иттилоъ медиҳад,  ин фаронсавӣ бо ҷониби «нерадзурриҳо» шартҳои гузаришашро дуруст намуда, аз пайвастан ба тими итолиявӣ интизорӣ мекашид. Аммо «Интер» ахиран аз ин трансфер даст кашид, чаро, ки харидории Кристиан  Эриксен  аз «Тоттенхэм Хотспур» барояшон гаронтар афтод. Ҳамчунин дастаи Антонио Конте нимҳимотягар     Матиаса Весиноро  фурӯхта натавонист.
Оливйе Жиру бошад аз гузариши амалинашудааш ба ғазаб омада, амалҳои анҷомдодаи «Интер»-ро ноэҳтиромӣ номид. Наздикони футболбози фаронсавӣ дар ин маврид чунин гуфтанд:   «Ин амали “Интер” бидуни ҳурмату эҳтиром аст. Бозингар худро дорои  рафтори намунавӣ нишон дода,то охирин фурсатҳо тими  «Интер»-ро дастаи навбатияш меномид”.  
Ёдрас мекунем,ки дар хизматрасониҳои ин футболбози   33-сола ҳамчунин «Латсио» мароқ зоҳир намуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив