LIVE

Бергвейн аз Ҳолланд ба Англия меравад

Бозингари дастаи «ПСВ» - и Ҳолланд Стевен Бергвейн дар наздиктарин муддат ба «Тоттенҳем» - и Англия гузариш менамояд. Тибқи иттилои хабаргузории «Voetbal International», ҳар ду бошгоҳи дар боло зикршуда, оиди гузариши ин футболбоз ба маблағи 32 миллион евро (бо ҷамъи бонусҳо) аллакай ба мувофиқа расидаанд. Имрӯз Бергвейн бояд аз муоинаи тиббӣ дар бошгоҳи лондонӣ гузарад. Стевен бинобар сабаби гузаришаш ба бошгоҳи лондонии «Тоттенҳем» аз бозӣ намудан дар ҳайати «ПСВ» бо «Твенте» даст кашида, дар рӯйхати бозингарони даста дохил нашуда буд. Дар мавсими имсола, ин футболбози 22-солаи ҳолландӣ дар ҳайати «ПСВ» дар Лигаи олии Ҳолланд – Эредивизия дар 16 бозӣ иштирок намуда, ба задани 5 гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив