LIVE

Украина аз "Реал" ноумед шуд

Вобаста ба он,ки Андрей Лунин аз “Реали Мадрид” боз ба иҷораи навбатӣ рафт, кулли мухлисони украинии “Реал Мадрид" боз ҳам ғарқи ноумедӣ шуданд. Ин украинӣ, аз ин баъд шарафи дастаи "Овйедо"-ро ҳимоя карда, дар ҳайати ин даста то охири мавсим мемонад.  Дар мавриди ҳаққи харидории ин бозингар бошад, умуман гап намеравад ва ин гузариш танҳо ба хотири гирифтани вақти бозикунӣ анҷом дода шуд. Маҳз дар ҳамин тим Андрей дарвозабони асосии даста шуда, пеш аз ин бошад  дар сафи "Валядолид" дар иҷора буд. "Валядолид" бошад, дар навбати худ барои Андрей Лунин вақти пурраи бозикунӣ фароҳам наоварда, маҳз дар “Овйедо” Лунин имкон пайдо хоҳад кард, то ба Зидану Перес ва дигарон исбот намояд, ки дорои маҳорати хуби дарвозабонӣ аст. Албатта,ки Сегунда ин Ла Лига нест, вале беҳтар аз он, ки дар курсии эҳтиётӣ қарор дошта бошӣ. Дастаи "Овйедо" бошад, айни ҳол дар зинаи 17-уми ҷадвали Сегунда қарор дошта, дар як зина аз минтақаи ҳазфӣ ҷой дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив