LIVE

Суолҳои беҷавоб аз ҳолати кунунии Иско дар “Реал Мадрид”

Дар мавсими ҷории Ла Лига Иско дар майдон фақат 187 дақиқа паси сар намудааст,ки ин нишондоди ӯ 18-умин аст дар даста миёни кулли футболбозон.



 Баҳои миёнаи Иско аз рӯи фарзияи Whoscored дар доираи Ла Лига-6.58 хол (натиҷаи 20-ум дар даста) мебошад.
 “Мадрид” дар мавсими ҷорӣ бештар дар он бозиҳое муваффақ аст,ки Иско вақти камтари бозикуниро ба даст овардааст: дар бозии пирӯзиовар бар муқобили “Селта” (1:3) ӯ танҳо 15 дақиқа бозӣ кард, дар ҳоле,ки бар муқобили “Гранада” (4:2)-21 дақиқа дар майдон буд. Дар бозӣ бар зидди “Леганес” (5:0)  бошад Иско 15 дақиқа дар майдон буд. Бештари вақтро Иско дар майдон дар бозии хонагӣ бо “Валядолид” (1:1) сипарӣ намуд,ки ин нишондод 68 дақиқаро ташкил медиҳад. Дар бозии сафарӣ бо “Малйорка” (1:0) ин бозингари замоне болаёқати испанӣ 66 дақиқа бозӣ кард. Чӣ тавре мебинем ҳардуи натиҷаҳоро қаноатбахш гуфтан мушкил аст.
Иско-ягона бозингаре  ғайр аз ҳимоятгарон (Менди, Милитао ва Начо) мебошад,ки дар доираи бозиҳои Ла Лига  ягон амали натиҷабахшеро анҷом надодааст. Мо албатта Браимро ба назар намегирем,чаро ки ӯ дар Примера танҳо 9 дақиқа бозӣ кардааст.


Пас мушкилот дар чӣ аст?
Вақти кори Сантяго Солари ба сифати сармураббии “Мадрид” Иско дучори мушкилотҳо аз сабаби надоштани вақти пурраи бозикунӣ дар майдон буд. Футболбоз пайваста дар курсии эҳтиётӣ мемонд ва таассуроте ба миён меомад,ки ин испанӣ гӯё аз худ маҳорати бештареро нишон дода наметавонад. Сипас дастаро аз нав Зидан ба зимма гирифт, Иско тимро дар тобистон тарк накард ва ба назар мерасид,ки  чунин ҳолат барояш ба таври мусбӣ ранг мегирад,аммо то  ҳол ҳама чиз баръакс ҷараён гирифта истодааст...
Оё Иско метавонад,ки ба ҳолати лозима баргардад ё ки пеши мо футболбозест,ки барояш танҳо маблағи шартномавӣ муҳим аст,на сифати бозигузории худӣ? 










Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив