LIVE

МУҲТАРАМ ХУРШЕД МИРЗО!


Ҷамъи кормандони шабакаи Телевизионии «Футбол» бо қалбҳои саршори самимияту садоқат рӯзи мубораки мавлудро барои Шумо,  ки як тан аз бунёдгузорони асосӣ ва роҳбари кулли он ба шумор меравед, табрику таҳният мегӯем. Тайи фурсати сипаришуда аҳли кормандони ТВ «Футбол» рӯҳбаланд аз равиши роҳбарии муосири Шумо бо дарки масъулияти баланди касбӣ баҳри беҳтар гардидани сатҳу сифати барномаю намоишҳо кӯшишу талошҳои самарабахш ба харҷ медиҳанд. Ин ки шабакаи «Футбол» ба сифати мунодии дастовардҳои футболи тоҷик дар дунё шинохта шуд далели муътамадест аз ҳунари волои роҳбарию раҳнамоии созандаи Шумо дар мақоми корфармо. 
Бори дигар дар ин рӯзи фарруху фирӯз барои Шумо ва аҳли хонаводаатон тани сиҳат, кушоиши кор ва саодати рӯзгор таманно мекунем.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив