LIVE

Нахустин ғалабаи "Ювентус" баъд аз 5 сол дар Рим

Дидори “Рома”-ву “Ювентус” бе ягон шакку тардид яке аз бозиҳои марказии ҳафта на танҳо дар нимҷазираи Апенин, балки дар Аврупо низ дониста мешуд.
Оғози бозӣ барои дастаи мизбон фоҷеабор буд. Ибтидо аз дарҳам барҳамии хати дифои ҳариф истифода карда дар дақиқаи 3-юм Мерих Демирал ҳисобро кушод. Баъдан Жордан Верату дар дохили ҷаримагоҳаш Пауло Дибаларо аз по заду ҷониби дарвозааш пеналти овард. Роналду ҳисобро 2-0 кард. Баъд аз ин бартарӣ комилан ба ихтиёри Рома гузашт. “Ҷаларосси” аз имкониятҳои бешумори ба вуҷуд овардаи хеш танҳо як маротиба гол заданд. Муаллифи он Диего Перотӣ буд, ки дар дақиқаи 68-ум пеналтиро бехато ба дарвозаи меҳмонон ҷо кард. Бо ҳамин “Рома” давоми 6 соли охир бори аввал аз дасти “Ювентус” дар чемпионат шикаст хӯрд. Ин бохт боиси аз чаҳоргонаи аввал берун шудани шогирдони Паулу Фонсека гашт. “Ювентус” бошад, марҳилаи якуми чемпионатро дар зинаи якум ҷамъбаст кард. Ҳоло даста аз “Интер” 2 хол зиёд дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив