LIVE

Нахустини бохти “Рома” дар мавсим

Яке аз бозиҳои марказии даври 5-уми Серияи А бо иштироки тимҳои “Рома” ва “Аталанта” сурат гирифта, бо шикасти тими мизбон хотима ёфт.
Бозӣ дар варзишгоҳи “Олимпико” бо натиҷаи 2-0 ба суди меҳмонон хатм ёфт. Дар ҷараёни қисми дуюми бозӣ футболбозони шаҳри Бергамо бо голи Дуван Сапата (дақ.70) ба пеш баромада, сипас дар дақиқаи 90-ум бо кӯшиши Ремо Фройлер ҳисобро 2-0 карданд. 
Барои “Рома” ин нахустин шикаст дар бозиҳои расмии мавсими ҷорӣ буд. Шогирдони Ҷан Пийеро Гасперини пас аз ин ғалаба бо 10 имтиёз зинаи 3-юмро ишғол мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив