LIVE

Мақоми 4-уми Мане барои “Тӯби тиллоӣ” беадолатист

Собиқ футболбози соҳибном ва сармураббии феълии тими «Нитса» Патрик Виейра назари хешро дар мавриди ишғоли мақоми ҷаҳоруми ҳамлагари  «Ливерпул» Садио Мане дар мубориза барои ба даст овардани “Тӯби тиллоӣ” чунин баён намуд. 
«Бароям чунин ба назар мерасад, ки зинаи 4-уми Мане ноадолатӣ шудааст.  Агар мо саҳми ӯро дар даста ва ҳисоб карда бароем, ки чиқадар бозиҳои муҳиму ҳалталабро аҷном додааст, пас месазад, чунин андеша кард, ки ин ноадолатист. Бо назардошти заҳматҳое, ки ӯ дар майдон кашид, сазовори ишғоли  мақоми болтарро дошт», гуфтааст Виейра.
Ёдовар мешавем, ки барандаи ин ҷойзаи бонуфузи футболӣ,  ҳамлагари «Барселона» -Лионел Месси гардид.  Вирджил ван Дейк ва  Криштиану Роналду мақомҳои дуюм ва сеюмро касб карданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив