Ҳамлагари аргентинии дастаи «Барселона» Лионел Месси барои сазовор ва хотирмон пешвоз гирифтани соли дави мелодӣ ба зодгоҳаш шаҳри Росариои Аргентина баргаштааст. Бо аҳли оилаи хеш ӯ дар манзилаш арча орову торо дода, бо лисбоҳои идона акси хотиравӣ гирифтааст. Аксҳои ӯ ва фарзандону завҷаашро дар саҳифаи шахсии «инстаграм» Антонелла Рокутсо дидан мункин аст. Месси феълан дар истироҳат буда, мебоист то давраи омодагӣ ба даври 19-уми Чемпионати Испания, ки бар муқобили «Эспанйол» бозӣ доранд, баргардад. Аммо гуфта мешавад, ки ӯ рӯзи баргузории вохӯрӣ 5-уми январ ба Каталония бармегардад.