LIVE

"Аталанта" дар таърихи худ бори аввал ба плей-оффи ЛҚ баромад

Дастаи "Аталанта"  дар соли нахусти ҳунарнамоиаш дар Лигаи чемпионҳо натиҷаи беҳтаринро нишон дод. Шогирдони Ҷан Пйеро Гасперинӣ дар сафар "Шахтёр"-и Украинаро бо ҳисоби калони 3:0 шикаст дода, рощхати дуюмро баъд аз "МС" ба даст оварданд. Тимоти Костан (дақ 66) Марио Пашалич (дақ 80) ва Робин Гозенс (дақ 94) муаллифи голҳо ба ҳисоб рафтанд. Дар дақиқаи 77-уми рақобат вақте ҳисоб 1:0 буд, довар ҳимоятгари мизбон Додо-ро аз майдон хориҷ кард. Ҳамин тавр "Шахтёр" аз идомаи мусобиқа бенасиб монда бо ишғоли зинаи сеюм ба даври 1/16 ниҳоии Лигаи Аврупо роҳхат гирифт. Дар бозии дигари ҳамин гуруҳ "МС" дар сафар бо ҳисоби 4:1 "Динамо" Загребро шикаст дод. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив