LIVE

Муборизаи 5 даста барои ду роҳхат. Ки ба даври плей-офф мебарояд?

Имшаб дар бозиҳои даври 6-уми марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрмонҳои Аврупо исми ду иштирокчии дигари даври 1/8 ниҳоӣ муайян мешавад. Дастаи "Атлетико" Мадрид, ки шомили гуруҳи "D" мебошад, барои роҳхати дуюм мубориза мебарад. "Байер"-и Олмон, ки имконияти хуби баромадан ба даври дигарро дорад, бо садрнишини ҷадвал, дастаи "Ювентус" дидор мекунад. Коршиносон шонси намояндагони Олмонро камтар медоданд, вале дар футбол ҳама чиз рух додан мумкин аст. Дар сурати муваффақияти шогирдони Диего Симеоне дар "Ванда Метрополитано" муқобили"Локомотив" натиҷаи дидори дигар ягон аҳамият нахоҳад дошт. "Шахтёр" 

    Дастаҳои гуруҳи "С" ҳам имшаб бозиҳои ҳассоси худро пушти сар мекунанд. "Шахтёр", "Аталанта", ва "Динамо"-Загреб барои роҳ ёфтан ба бозиҳои 1/8 ниҳоӣ андари майдон мегарданд. Агар раваду  "Шахтёр" дар дидори худ бар "Аталанта" пирӯз ояд, ҳисоби бозии дигар Загреб таъсир расонида наметавонад. Вале агар вохӯрӣ миёни ин дастаҳо муссовӣ ҷамъбаст шуда, "Динамо"- Загреб "МС"-ро  мағлуб кунад, роҳхат насиби намояндагони Хорватия мешавад. Дар ин гуруҳ шонси шогирдони Ҷан Пиер Гасперини ҳам вуҷуд дорад. Онҳоро мебояд муқобили "Шахтёр" барои ғалаба рақобат намоянд. Дидори дастаҳои "Шахтёр" - "Аталанта" имшаб соати 22:55 аз шабакаи Варзиш ва "Динамо З" бо "МС" тавассути шабкаи Футбол манзури бинандагон мегардад.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив