LIVE

Жоау Мариу дар бораи Криштиану Роналду ибрози назар намуд

Дар як мусоҳиба бо Sportbox.ru нимҳимоятгари португалии «Локомотив»-и Москва Жоау Мариу дар бораи ҳамватанаш Криштиану Роналду ибрози назар намуд.

— Чанд сол қабл Криштиану шуморо яке аз боистеъдодтарин футболбози ҷавони Португалия ном мебурдАз онеки Шумо феълан дар топ-лигаи аврупоӣ нестеду дар Русия ҳунарнамоӣ доредӯ ҳайратзада шуд
— Ин ҳаёт аст. Ту ба пеш ҳаракат мекунӣ, аммо як қадами нодуруст - ва ҳама чиз тағйир меёбад. Муҳим – аз ҳар як вазъият хулосаи дуруст баровардан аст.  Аз оне, ки инҷо ҳузур дорам, хеле хушбахтам. Воқеан.

— Муддати дароз якдигарро мешиносед. Лутфан мегуфтед, ки ҳаёти пуштипардагии ӯ чи гуна аст?
— Ӯ ҷавони бениҳоят оддӣ аст ва ҳамавақт ба футболбозони ҷавоне, ки ба тими мунтахаб даъват мешаванд, кӯмак мекунад. Ӯ — сарвони ҳақиқӣ ва шахси нотакрор аст. Ҳамчунин, Криштиану дӯстдори рақобат аст ва бохтро қабул надорад – ҳатто дар тамринҳо.

— Яъне пас аз шашумин «Тӯби тиллои»-и Месси…
— Роналду кушиш мекунад, ки соли дигар онро ба даст орад. Ва умедворам, ки ӯ муваффақ мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив