LIVE

🔥Хоҳарбузурги Криштиану Роналду ба Ван Дейк ҷавоб гуфт

Хоҳарбузурги Криштиану Роналду, Катя Авейру дар «Инстаграм»-и худ ба шӯхии ҳимоятгари «Ливерпул», ҷавоб дод.

Футболбози ҳолландӣ дар маросими ҷоизасупории «Тӯби тиллоӣ» ба суоли рузноманигор роҷеъ ба иштирок накардани Роналду дар маросим,  бо ҳазл посух гуфт:
- Криштиану иштирок накард? Магар ӯ рақиб ҳисоб мешавад?

- Вирҷили азиз, дар он кишваре, ки ту солҳо ҳунармоӣ мекардӣ ва то ҳол ягон ҷоиза ба даст наовардаӣ, Роналду се карат қаҳрамон шуда буд. Дар кишваре, ки ту ҳоло бозӣ мекунӣ, ӯ ҳатто беҳтарин бозингар ва беҳтарин нишонзан шудааст. Сипас ӯ ба кишвари дигар рафта, футболбози дастон шуд. «Реал» ба ту шинос аст? Ин ҷавон бо ин даста шуморо ҳатто дар финали Лигаи Чемпионҳо мағлуб кард.
Ин ошно бо рафиқонаш «афлесун»-и шуморо дар Финали Лигаи Миллатҳо пачақ кард.

Ва, Вирҷили азиз, Роналду ҳатто дар як мавсими каммуваффақи карйераи худ, аз ту дида ҷоиза бисёртар ба даст овардааст. Тааҷҷубовар аст, не?

Криштиану, ту ҳамавақт беҳтарин футболози ҷаҳон боқӣ мемонӣ!!! – навиштааст Авейру дар Instagram.

Хотиррасон мешавем, ки ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» ба Месси тақдим шуд. Дар феҳристи беҳтарин футболбозон Ван Дейк ва Роналду дар ҷои дуюму сеюм қарор доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив