LIVE

👤Хоҳарбузурги Роналду: «Ба Месси мафия кумак мекунад»

Яке аз хоҳарбузургони Роналду — Эва дос Сантос Авейро ба «назарияи тавтиъа» ё ба истилоҳ «теория заговора», итминони комил дорад.

Дарҳол пас аз анҷоми маросими ҷоизасупории «Тӯби тиллоӣ» ӯ дар Инстаграми худ аз  ноадолатӣ нисбати натиҷагирӣ сухан кард.

«Дар ҳамин гуна дунё мо умр ба сар мебарем. Шояд дар ҷаҳони футбол ман чизеро намефаҳмам, вале ҳамеша дар он ақида будам, ки ҷоизаро бояд бозингаре, ки бештар ҷоизаву унвонҳо ба даст овардааст, ба он диҳанд. На ба нафаре, ки камтар ғолиб шудааст. Ҳеҷ зиддияте надорам нисбати ин ҷавон (Месси), вале ман намефаҳмам, чаро ӯ аз бародари ман дида беҳтар аст.

Бигзор ман чизеро нафаҳмам, шояд ин ҷоизаро бо шарофати ҳусни таваҷҷӯҳ тақдим мекунанд, на аз рӯи касбият? Ин танҳо исбот мекунад, ки мо кам ҳастем ва мафия ҳеҷ гоҳ аз заифон пуштибонӣ намекунад. Вале адолат барқарор мешавад!
Ӯ (Роналду) бо Португалия ба ҳама ҷавоб мегуяд! 
Барои ман ту ҳамавақт беҳтарин боқӣ мемонӣ»,
- изҳор дошт  Эва.

Аммо дере нагузашта интишор тоза карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив