LIVE

Футболбози собиқи "Ливерпул" сади роҳи "Сити" гардид


Голи задаи капитани дастаи "Нюкасл" Ҷонҷо Шелви дар вохӯрӣ бо "Манчестер Сити" ба мизбонон як имтиёз овард. Шеви, ки дар гузашта собиқ футболбози "Ливерпул" буд, бо ин голаш ду  холи "Манчестер Сити"-ро барбод дод. Шогирдони Хосеп Гвардиола ду дафъта бо голҳои задаи Раҳим Стерлинг (22) ва Кевин де Брюйне (82) ба пеш баромаданд, аммо дар ду имконият Йетро Виллемс (25) ва Ҷонҷо Шелви (88) ҳисобро баробар карданд. "Манчестер Сити" дар ҷадвали мусобиқа то бозии дастаи "Лестер" бо 29 хол ба мақоми дуюм баромад. "Нюкасл" бошад имтиёзи 16-уми худро соҳиб шуда, ба зинаи 12-ум баромад. Дар даври оянда "Нюкасл" бо "Шеффилд" ва "МС" бо "Бёрнли" дидор мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив