LIVE

Фабиню ҷароҳат бардошт

Бошгоҳи футболи «Ливерпул» дар сомонааш ҳолати осеби бардоштаи ниммуҳофизатгар Фабинюро, ки дар бозии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бар муқобили “Наполи” (1:1) ба вуқӯъ пайваст шарҳ дод. 
Натиҷаи ташхис нишон медиҳад, ки осеби бардоштаи Фабиню хеле ҷиддӣ аст. Ҳамин тавр соли 2019 барои хавбеки бразилии “Ливерпул” анҷом ёфт. Дар сарчашма хабар дода шудааст, ки Фабиню шояд аз 1,5 то 2,5 моҳро дар бистар сипарӣ намояд. Фабиню ин мавсим дар 19 бозии “сурхпӯшҳо” вориди майдон шуда, ба задани 1 тӯб ва 2 партофти натиҷаовар даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив