LIVE

“Челси” оиди гузариши Марк Гиу ба “РБ Лейпсиг” эълон кард

Дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Челси” оиди трансфери ҳамлагар Марк Гиу ба тими олмонии “РБ Лейпсиг” эълон кард. Ин бозигари испанӣ тобистони соли 2024 аз “Барселона” ба “Челси” пайваст ва 29 бозӣ дар сафи "кабудҳо" анҷом дода, ҳашт гол задааст.
"Гиу узви дастае буд, ки ғолиби Лигаи конференсияҳои УЕФА гардид ва дар шаш бозӣ шаш гол зад. Ӯ инчунин соли гузашта дар Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳои ФИФА пирӯз шуд. Ҳама дар “Челси” мехоҳанд аз Марк барои кораш дар бошгоҳ изҳори сипос кунанд ва ба ӯ дар бахши ояндаи касбияш дар “РБ Лейпсиг” муваффақият орзу кунанд", - гуфта мешавад дар изҳороти дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Челси”.
Мавсими 2025/2026 Марк Гиуи 20-сола тариқи иҷора дар сафи "Сандерленд" бозӣ менамуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив