LIVE

“МЮ” ва “Челси” нисбати нимҳимоятгари “Барселона” таваҷҷӯҳ доранд

Бошгоҳҳои футболи “Манчестер Юнайтед” ва “Челси” ба нимҳимоятгари “Барселона” Марк Касадо таваҷҷӯҳ доранд, хабар медиҳад TEAMtalk.
Ба гуфтаи  манбаъ  "девҳои сурх" ба наздикӣ нисбати ин бозигари 22-сола музокиротро оғоз карданд. "Кабудҳо" дар навбати худ вазъият атрофи бозигарро назорат мекунанд, аммо наметавонанд дар сурати гузариш барояш дар ҳайати асосӣ мавқеи доимиро кафолат диҳанд.
Қайд карда мешавад, ки ҳеҷ як бошгоҳи Премер-лигаи Англия то ҳол нисбати ин бозигар пешниҳоди расмӣ ирсол накардааст. Бо вуҷуди ин бошгоҳи “Монако” то ҳол аз фаворитҳо дар харидории ин бозигари испанӣ ҳисобида мешавад. Интизор меравад, ки Касадо тобистони имсол сафи "блаугранас"-ро тарк кунад, зеро бошгоҳ қасд дорад, ки дар ҳайати худ ҷойро барои бозигарони нав холӣ кунад.
Ин футболбоз аз июли соли 2024 дар ҳайати асосии бошгоҳи каталонӣ бозӣ мекунад. Шартномаи кунунии Касадо то 30 июни соли 2028 мӯҳлат дорад. Мавсими гузашта Касадо   34 бозӣ карда, як паси голӣ ба омор гирифт. Арзиши тахминии ӯ тибқи тахмини сомонаи Transfermarkt 18 миллион евроро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив