«Челси»-и Лондон дар сомонаи расмии хеш оиди гузариши ҳамлавари фаронсавӣ Кристофер Нкунку эълон намуд.
Дар мавсими сипаришуда бозигари фаронсавӣ дар сафи «РБ Лейпсиг» баромад мекард. Шартномаи кории Нкункуи 25-сола бо тими лондонӣ шаш сол мӯҳлат дошта, аз 1-уми июл амал мекунад.
«Кристофер ду соли ахир худро чун яке аз бозигарони пештози хати ҳамла дар футболи аврупоӣ ба ҳамагон нишон дод. Ӯ ба тими мо сифат, эҷодкорӣ ва устуворӣ мебахшад. Дар сафи тими «РБ Лейпсиг» ва мунтахаби Фаронса аз иқтидори бузурги хеш дар сатҳи олӣ дарак дода тавонист ва мо фурсати ҳамроҳшавии ӯро ба дастаи наваш пеш аз мавсими ҷадид бесаброна интизорем», — изҳор намуданд директорони варзишии «Челси» Лоуренс Стюарт ва Пол Уинстенли.
