LIVE

“Рома” барои Фофана 40 млн евро пардохт мекунад — La Gazzetta dello Sport

Бошгоҳи итолиёвии “Рома” метавонад аз барои бозигари “Лион” Малик Фофана 40 миллион евро пардохт кунад, хабар медиҳад La Gazzetta dello Sport.
Ба гуфтаи рӯзнома сармураббии бошгоҳи “Рома” Ҷан Пйеро Гасперини мехоҳад, ки ин бозигарро ба даста ҳамроҳ кунад. “Интер”-и Милан низ ба ин бозигар таваҷҷӯҳ дорад.
Ин белгиягии 21-сола аз моҳи январи соли 2024 дар сафи “Лион” бозӣ мекунад. Мавсими гузашта ӯ дар ҳамаи мусобиқаҳо 16 бозӣ анҷом дода, ду гол ва як паси голӣ додааст. Ӯ аксари мавсимро аз сабаби ҷароҳат берун аз майдон гузаронид. Шартномаи кунунии бозигар бо тими фаронсавӣ то тобистони соли 2028 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоти портали Transfermarkt арзиши бозории Фофана 30 миллион евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив