LIVE

Пирӯзии мушкили Аргентина зидди Кабо-Верде ва рекорди нави Месси

Бозии даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии ФИФА-2026 байни тимҳои миллии Аргентина ва Кабо-Верде (3-2, вақти иловагии бозӣ)  дар варзишгоҳи Хард Роки Майами, ИМА бо пирӯзии аргентиниҳо ба анҷом расид.
Ҷоми Ҷаҳонии 2026. Даври 1/16 ниҳоӣ
4 июли соли 2026, шанбе. 03:00 ДШБ
Аргентина 3 : 2 (вақти иловагӣ) Кабо-Верде
1:0 Месси – 29' 1:1 Дуарте – 59' 2:1 Мартинес – 92' 2:2 Лопес Кабрал – 103' 3:2 Борхес – 111'
Дар дақиқаи 29-уми бозӣ ҳамлагар Лионел Месси пас аз партофти ҳимоятгар Лисандро Мартинес ба мунтахаби Аргентина пешсафӣ овард. Ин ҳаштумин бозии пайдарпайи Аргентина бо гол  дар нимаи аввал аст, ки рекорди нави даставӣ мебошад. Лионел Месси бошад голи бистуми хешро дар бозиҳои Ҷомҳои Ҷаҳонӣ ба самар расонида, дар садри нишонзанҳои беҳтарин пешсафи ягона гардид.
Тими миллии Аргентина ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон -2026 роҳ ёфт. Дар марҳилаи баъдии мусобиқа қаҳрамонҳои феълии ҷаҳон бо Миср рӯбарӯ хоҳад шуд. Кабо-Верде бошад аз идомаи рақобат дар мусобиқа маҳрум шуд.
Бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии 2026 байни Аргентина ва Миср дар варзишгоҳи Мерседес-Бенс дар Атлантаи ИМА баргузор мешавад. Бозӣ рӯзи сешанбе, 7 июл, ба нақша гирифта шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив