LIVE

Лионел Месси дар шашумин Ҷоми Ҷаҳонии футбол ширкат меварзад

Ҳамлагар ва капитани мунтахаби Аргентина Лионел Месси дар шашумин Ҷоми Ҷаҳон оид ба футбол иштирок хоҳад кард. Қаблан хабар дода шуда буд, ки футболбози 38-сола ба рӯйхати ниҳоии мунтахаби Аргентина барои Ҷоми Ҷаҳон-2026 шомил шудааст.
Барои Месси ин шашумин иштирок дар мусобиқаи бонуфузи ҷаҳон хоҳад буд. Ӯ пештар дар Ҷомҳои Ҷаҳони солҳои 2006, 2010, 2014, 2018 ва 2022 ҳунарнамоӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Ҷаҳонии қаблӣ дар Қатар, мунтахаби Аргентина бо роҳбарии Месси қаҳрамони ҷаҳон гардид. Аргентиниҳо дар финали пуршиддат мунтахаби Фаронсаро мағлуб карда буданд.
Ҷоми ҷаҳон-2026 аз 11 июн то 19 июл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Мунтахаби Аргентина дар марҳилаи гурӯҳӣ бо дастаҳои Алҷазоир, Австрия ва Урдун рақобат мекунад.
Месси яке аз бузургтарин футболбозони таърих маҳсуб шуда, иштироки ӯ дар Ҷоми Ҷаҳон-2026 таваҷҷуҳи мухлисони футболро бештар хоҳад кард. Мунтахаби Аргентина бошад, ҳамчун қаҳрамони феълии ҷаҳон ба мусобиқа ворид мешавад ва яке аз муддаиёни асосии унвон ба ҳисоб меравад.
Ҳайати мунтахаби Аргентина барои Ҷоми Ҷаҳонии соли 2026
Дарвозабонҳо: Эмилиано Мартинес («Астон Вилла»), Хуан Муссо («Атлетико» Мадрид), Херонимо Рули («Марсел»);
Дифоъгарон: Науэл Молина («Атлетико Мадрид»), Гонсало Монтйел («Ривер Плейт»), Кристиан Ромеро («Тоттенхэм»), Леонардо Балерди («Марсел»), Лисандро Мартинес («Манчестер Юнайтед»), Николас Отаменди («Бенфика»), Николас Таляфико («Лион»), Факундо Медина («Ланс»);
Ниммуҳофизатгарон: Леандро Паредес («Бока Хуниорс»), Ҷовани Ло Челсо («Бетис»), Родриго Де Паул («Интер Майами»), Тяго Алмада («Атлетико Мадрид»), Эксекиэл Паласиос («Байер»), Николас Гонсалес («Ювентус»), Нико Пас («Комо»), Алексис Мак Аллистер («Ливерпул»), Энтсо Фернандес («Челси»), Валентин Барко («Страсбур»);
Ҳамлагарон: Хулиан Алварес («Атлетико Мадрид»), Лионел Месси («Интер Майами»), Лаутаро Мартинес («Интер»), Хосе Мануэл Лопес («Палмейрас»), Ҷулиано Симеоне («Атлетико Мадрид»).
Сармураббӣ: Лионел Скалони

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив