Дарвозабони бошгоҳи “Барселона” Марк-Андре тер Штеген метавонад фаъолияти варзишии худро дар “Аякс” идома диҳад, хабар медиҳад инсайдер Ҷанлуиҷи Лонгари.
Ба гуфтаи манбаъ бошгоҳи кишвари Нидерланд бо “Барселона” дар бораи гузариши пурраидарвозабони 34-солаи олмонӣ гуфтушунид мекунад ва ба созиш наздик аст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки тарафҳо созишнома оиди иҷораро баррасӣ мекунанд, аммо ҳоло гузариши доимӣ баррасӣ мешавад.
Тер Штеген аз соли 2014 дар сафи “Барселона” бозӣ менамуд. Ӯ нимаи дуюми мавсими 2025/26-ро тариқи иҷора дар “Жирона” гузаронид, аммо аз сабаби ҷароҳат танҳо дар ду бозӣ иштирок кард.
“Аякс” сар аз мавсими оянда дар Лигаи Конференсияҳо бозӣ хоҳад кард.
