LIVE

Тер Штеген тариқи иҷора ба сафи “Жирона” мепайвандад

Дарвозабони олмонӣ Марк-Андре тер Штеген соатҳои наздик дастаашро иваз мекунад. Бино ба гузориши нашрияи испании Marca дастаҳои “Барселона” ва “Жирона” дар мавриди иҷораи дарвозабон то санаи 30-юми июн ба созиш расидаандю. Кор танҳо атрофи ба расмият даровардан ва имзо кардани шартномаҳо боқӣ мондааст.
Ба гуфтаи манбаъ агар дар лаҳзаҳои охир ҳолатҳои ғайричашмдошт ба миён наоянд, дарвозабон метавонад дар бозии даври 21-уми Ла Лига бо «Хетафе»-ро дар ҳайати «Жирона» гузаронад. Гуфта мешавад, ки Тер Штеген шояд вақти бозии Лигаи Чемпионҳои УЕФА бо “Спарта Прага” аз дастаи “Барселона” даъват карда нашавад, то ба созиш халал нарасонад.
Бино ба навиштаи нашрия «Барселона» қисми зиёди маоши Тер Штегенро ҳангоми иҷорааш дар «Жирона» пардохт мекунад. Ин ба он далел аст, ки пардохти маошаш дар ҳаҷми 17 миллион евро барои дастаи наваш дастнорас аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив